РОБЕРТ БЛЕЙК: «АМРИКО ВА ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИРО БЕШТАР МЕКУНАНД»

Апрель 12, 2011 17:09

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк андешаҳояшро мухтасар ба рӯзноманигорон иброз намуд. Ӯ гуфт: «Боиси хурсандист, ки ман бори дигар дар Душанбе қарор дораму бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр  мулоқоти пурмӯҳтаво ва фарогир анҷом додам. Дар рафти мулоқот ман ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  оид ба он музокироту гуфтушунидҳое, ки мо дирӯз бо вазири корҳои  хориҷӣ дар партави машваратҳои сиёсии ду ҷониб доштем, маълумот додам».  Блейк гуфт, ки  ман ба Президент барои саъю талошҳои Тоҷикистон дар кори истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон изҳори сипос намудам.  Мо, инчунин, роҳу василаҳои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Амрикоро дар кори таҳкими амнияти сарҳадот ва мубориза алайҳи  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор додем.  Мо ба мӯҳтарам ҷаноби Президент дар бораи мулоқоти пурмӯҳтаво ва бисёр судманди худ, ки субҳи имрӯз бо намояндагони Палатаи иқтисодии Амрико дар Тоҷикистон доштам, маълумоти муфассал додам  ва ақидаи намояндагони ширкатҳои  амрикоиро дар Тоҷикистон ба Ҷаноби олӣ иброз намуда таъкид кардам, ки имрӯз дар кори коркарди захираҳои табиӣ ва дар соҳаи энерҷӣ имкониятҳои бештару фарохтари ҳамкорӣ вуҷуд доранд. Ҳамоно дар кишвар баъзе мушкилот дар кори сармоягузорӣ боқӣ мондаанд,  аз ҷумла душворӣ ва ё низоми андозбандии кишвар.   Мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, озодии сухан ва ВАО, озодии дин  ва эътиқодро мавриди баррасии ҷонибҳо қарор додем, ки дар воқеъ ин мавзӯъҳо мавзӯъҳои калидию асосии ҳар як ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб мераванд.          Мо мувофиқ ба он назар будем, ки Амрико ва Тоҷикистон бояд саъю талоши минбаъдаро дар роҳи боз ҳам зиёд кардани имконоти худ барои ҳамкорӣ бештар кунанд»,-таъкид намуд дар охир Роберт Блейк.

Апрель 12, 2011 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад