Бунёди 230 гектар боғи нав
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 12 ҳазору 604 гектар (115%) боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он 4 751 гектарашро (125%) боғи зардолу ва 1 220 гектари дигарро (103%) токзор ташкил медиҳад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалӣ гардонидани «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ» соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 10 гектар боғи гелос, себ ва нок, дар ноҳияи Панҷакент 30 гектар боғи себу нок, дар ноҳияи Восеъ 10 гектар боғи себу гелос ва зардолу, дар Шӯрообод 50 гектар боғи себу нок, дар Данғара 50 гектар токзори навъи кишмиши сиёҳу сафед, дар Ашт 40 гектар боғи себу нок ва дар ноҳияи Ховалинг 40 гектар боғи себу нок, дар маҷмӯъ 230 гектар бунёди боғи нав дар назар дошта шудааст. Аз тарафи КВД хоҷагиҳои ниҳолпарвари «Тоҷикниҳолпарвар» соли ҷорӣ дар ноҳияи Шӯрообод 50 гектар боғи себу нок, дар ноҳияи Восеъ 10 гектар боғи себу гелос ва зардолу ва дар ноҳияи Данғара 31 гектар токзори кишмиши сиёҳу сафед бунёд шуда, майдонҳои боқимондаи боғу токзори нав тирамоҳи соли ҷорӣ бунёд мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






