Китоби хурд, вале гаронбахо
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Нашриёти «Шуҷоиён» тарҷумаи 100 рубоии Умари Хайёмро бо номи «Привал в шатре Хайяма» бо теъдоди 400 нусха дастраси муштариён гардонид. Дар ин китоб осори гаронбаҳои Ҳаким Умари Хайёмро яке аз тарҷумонҳои ҷавон, вале хеле боистеъдоду умедбахш Илҳом Юнусов бо маҳорат ва мӯшифокона тарҷума кардааст. Тавре адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абдуманнон дар сарсухани китоб нигоштааст: «Илҳом Юнусов, ки худ маълумоти шарқшиносӣ дорад, шеър мегӯяд ва забони русиро низ бо назокату тобишҳои лафзиву маъноӣ нағз медонад, муваффақ шудааст, ки дар тарҷумаҳояш умқи маънӣ, ҳадафҳои фикрӣ ва таносубҳои бадеии рубоиёти Хайёмро ҳаддалимкон нигоҳ дорад….Ин коре, ки ӯ анҷом додааст, иқдоми аввалин аст дар тарҷумаи бадеии рубоиёти Умари Хайём ба забони русӣ бевосита аз забони асл».








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






