Пардохти нафақа бо корти пластикӣ
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- Аз 1 январи соли 2011 пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо барои 59 ҳазору 289 нафар нафақагирони шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва чор ноҳияи шаҳри Душанбе тавассути кортҳои пластикии бонкӣ роҳандозӣ гардид.Дар се соли охир теъдоди нафақагирон 49 ҳазору 455 нафар ё 9,3 фоиз афзоиш ёфта андозаи миёнаи нафақа 2,7 маротиба зиёд шуда, аз 46 ба 128 сомонӣ расид.Дар ин давра ҳаҷми моҳонаи нафақа ва кӯмакпулиҳои ба он баробаркардашуда аз 24 млн. 272,3 ҳазор сомонӣ ба 73 млн. 856,8 ҳазор сомонӣ расид.Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати аз хизматрасонии тавассути кортҳои пластикии бонкӣ бархурдор шудани 99 ҳазору 745 нафар нафақагирони шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Табошар, Ёвон, Норак, Ваҳдат ва Турсунзода корҳои назаррасро анҷом медиҳанд..








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






