Шоир ва истиқлолият
Душанбе, 12 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Шоир ва истиқлолият»- таҳти чунин унвон 16 июл дар муҷтамаи давлатии «Тоҷикистон» маҳфили эҷодии шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик, барандаи ҷоизаи ба номи устод Мирзо Турсунзода –Ато Мирхоҷа баргузор мегардад. Ба маҳфили эҷодии шоир, ки ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, аҳли қалам ва дӯстону пайвандони Ато Мирхоҷа даъват гардидаанд. Ато Мирхоҷа муаллифи маҷмӯаи шеърҳои «Тасмаи мардон» (1994), «Ишқ ва ашк» (2003), «Шакарганҷ» (2006), драмаҳои «Носири Хусрав», «Шириншо Шотемур», мазҳакаю намоишнома ва шеъру ҳикояҳои бачагона буда, асарҳои худро дар тӯли солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон эҷод намудааст.Дар назар аст, ки дар маҳфили эҷодии шоир ва нависанда гурӯҳи ҳунарии «Само»-и Бадахшон бо барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






