Ташвиқи тарзи ҳаёти солим
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 27-28 июли соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ва бо мақсади ҷалби наврасон ва ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ, такмилу инкишофи оммавияти варзиш дар қаламрави кишвар, инчунин бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар толори «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тирандозӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқа ҳайати дастаҳои вилоёти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ширкат хоҳанд кард.Ҳамчунин санаи 30-31 июли соли ҷорӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлат ва барномаҳои давлатӣ дар самти ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии таҳсилоти умумии тамоюли варзишии ба номи И. Ҳасанови шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ доир мегардад. Дар мусобиқа ҳайати дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе қуввваозмоӣ менамоянд.Ғолибон бо диплому медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






