Таъсиси гурӯҳи нави эстрадӣ
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ гурӯҳи нави эстрадӣ таъсис шуд.Дар чорабинии мазкур гурӯҳи устодон ва донишҷӯён, ҳамчунин меҳмонон ва ходимони санъати ҷумҳурӣ иштирок доштанд.Зимни муаррифӣ зикр гардид, ки ин гурӯҳи эҷодӣ ду моҳ қабл дар назди кафедраи санъати мусиқӣ таъсис ёфтааст ва дар он донишҷӯёни бомаҳорат ҳунарнамоӣ менамоянд.Барномаҳои консертии пешниҳоднамудаи гурӯҳ аз мусиқии эстрадии тоҷик, суруду мусиқии халқӣ, ҳамчунин мусиқии муосири ҷаҳонӣ иборатанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






