Афсарони тоҷик курсҳои навбатиро хатм карданд
Душанбе, 3 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Тавре дар Сафорати ИМАдар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 23 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон курси «Таҷзияи судии маҳалли содиршавии амали террористӣ» — ро хатм намуданд. Мувофиқи суханони манбаъ, афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон усулҳои барқарор намудани далел аз маҳалли ҷиноят, ҳамчунин тартиб додани аснод ва таҳияи санадҳои исботиро барои тафтиши минбаъдаи судӣ бо истифода аз усулҳои дахлдори меъёри судӣ аз худ намуданд. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс зимни суханрониаш дар маросими хатми курсҳо зикр намуд, ки «таҷзияи судӣ бахши асосии тафтиши ҳар амали террористӣ ва омили муборизаи зидди терроризм аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Афсарони сафи пеши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бояд малакаи зарурӣ пайдо намоянд, то ки макони ҷиноятро барои ба ҳабс гирифтани ҷинояткорон ва гузаронидани тафтишоти судии айбдорон бо камоли кордонӣ тафтиш намоянд». Курси таҷзияи судии маҳалли содиршавии амали террористӣ соли 2011 бо дастгирии молиявии Бюрои амнияти минтақавии Сафорати ИМА таъсис ёфта буд. Аз соли 2002 дар барномаҳои курси таълимӣ беш аз 440 нафар мансабдорони давлатӣ иштирок намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






