Эътибори ҷиддӣ ба соҳаи маориф
Хоруғ, 26 август. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Соли таҳсилро хонандагони мактабҳои деҳаҳои Шод ва Сумҷеви ноҳияи Роштқалъа дар синфхонаҳои наву барҳаво истиқбол мекунанд. Соли ҷорӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин рустоҳо биноҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд.Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа Гулаёз Абдолбеков иттилоъ дод, ки солҳои истиқлолият дар ноҳия бинои 15 мактаб бунёд гардид, ки дорои шароити таҳсиланд. Маорифчиёни ноҳия аз он шукргузоранд, ки соҳаи маориф таҳти назорати бевоситаи Президенти кишвар қарор дорад. Агар 5 сол қабл маблағгузорӣ барои соҳаи маорифи ноҳия 2 миллион сомониро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ба 4 миллион сомонӣ расидааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






