Меҳмони нохонда

Август 9, 2011 15:52

Душанбе, 9 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки бо ворид шудани ҳавои ғуборолуд аз Афғонистон тавассути қисмати ҷанубии кишвар ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ то 4 дараҷа паст фаромад. Назар ба иттилои Парвина Саидҷамолова, сардори шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳавои ғуборолуд муддати се рӯз дар фазои Тоҷикистон боқӣ монда, баъдан он ботадриҷ аз байн меравад. Чунин ҳаво бо шиддатёбии шамол дар қаламрави кишварҳои ҳаммарзи Тоҷикистон –бахусус Афғонистон ба вуқӯъ омадааст, ки дар байни мардум бо номи «боди афғонӣ» маъмул аст. Мутахассисони бахши кишоварзӣ ва тандурустӣ бар он назаранд, ки чунин ҳавои ғуборолуд ба нашъунамою сабзиши растанию меваҷот ва саломатии инсонҳо, хусусан шахсоне, ки мубталои бемориҳои диққи нафас ва қалб мебошанд таъсири манфӣ мерасонад.Ҳарорати ҳаво дар ин муддат дар кӯҳҳо шабона 15-20, рӯзона 30-35 дараҷа гарм, вилояти Суғд шабона 15 -20, рӯзона 34-39, вилояти Хатлон шабона 22-27, рӯзона 35-40 дараҷа гарм, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 15-20- рӯзона 33-38 дараҷа, дар ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 13-18-рӯзона 18-35 дар шарқи ВМКБ шабона 3-8 ва рӯзона 25-30 ва дар Душанбе бошад шабона 18-20 рӯзона 36-38 дарҷа гарм мешавад.

Август 9, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад