Стандарт ва сифат
Кўлоб, 1 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои минтақаи Кӯлоб дар шаш моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 203 корхонаю ташкилот ва соҳибкоронро мавриди санҷиш қарор дода, дар 147 намуди маҳсулоти санҷидашуда камбудиҳоро ошкор намуданд,- гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати мазкур Рустам Неъматов. Ба қавли ӯ дар ин давра аз ҷониби озмоишгоҳ 729 ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида шуда, 77 ҳолати маҳсулоти санҷидашуда ғайристандартӣ дониста шуд. Аз ҷумла, 109 кг маҳсулоти қаннодӣ, 67 кг макарон, 10 дал машрубот, 18 кг чой, 109 дал нӯшокиҳои ғайристандартӣ, 14 000 кг намак, 540 кг равғани пахта, 4 кг ҳасиб, 13 кг равғани растанӣ ва дигар маҳсулоти заруриро ғайристандартӣ ҳисобида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






