Амонатбонк соҳибкорони сӯзишвории арзон воридкунандаро дастгирӣ мекунад.
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҷаласаи назоратии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғози ҳафтаи равон дар баробари масоили дохилибонкӣ аз масъалагузориҳо вобаста ба супоришҳои маҷлиси қарубулвуқӯи Ҳукумати ҶТ иборат буд. Дар баробари дигар масоил масъалаи доғи рӯз, яъне боло рафтани нархи сӯзишворӣ, бахусус бензин дар бозорҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.Тӯли соли равон якчанд бор боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо барои харид ва воридоти бензин аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуд, ки боиси гарон шудани нарх дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гардид. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки воридоти ин мавод аз тарафи якчанд ширкати ватанӣ сурат мегирад, ки онҳо танҳо аз ФР маводи сӯзишвориро ворид мекунанд. Аз ин хотир Ҳукумати ҶТ ҷиҳати воридоти алтернативии маводи сӯзишворӣ ва ба ин васила паст намудани шиддати болоравии нархи он, бонкҳои кишварро муваззаф намуд, ки соҳибкорони дар ин самт фаъолияткунанда ҳамаҷониба дастгирӣ шаванд.Раёсати Амонатбонк, дар навбати худ тамоми муассиса ва зерсохторҳои бонкро супориш дод, ки ҷиҳати татбиқи супориши мазкур чораҳои амалӣ андешанд. Соҳибкорони ба кишвар сӯзишвории арзон воридкунанда ҳаматарафа дастгирӣ гардида, сари вақт ва дар навбати аввал бо қарзҳои бонкӣ таъмин карда шаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






