Иштирокчиёни ҷаласа бо шароити зиндагии марзбонон шинос мешаванд

Сентябрь 22, 2011 15:15

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дирӯз, 21 снтябри соли 2011 дар меҳмонхонаи «Истиқлол» -и пойтахт ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои наздисарҳадии кишварҳои узви ИДМ ба кори худ шурӯъ намуд.Дар ҷаласа намояндагони мақомоти наздисарҳадии кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок доранд. Дар кори ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон муовини фармондеҳи қӯшунҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Шараф Файзуллоев иштирок дорад.  Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили ҳамкории ҷонибҳо баҳри ташкили назорати наздисарҳадӣ, ҳамкорӣ дар бахши пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, беҳ намудани кори нуқтаҳои назоратӣ-иҷозатӣ ва таҳияи роҳҳои нави ҳалли он ҷой дода шудаанд.Имрӯз ҷаласа ба кори худ анҷом мебахшад. Аз рӯи машғулияти амалӣ тибқи нақша иштирокчиёни ҷаласа ният доранд ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ба нуқтаи назоратӣ-иҷозатии «Панҷи Поён» сафар намуда, бо шароити адои хизмат, истироҳат ва зиндагии марзбонон шинос шаванд. 

Сентябрь 22, 2011 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад