Иштироки 7 ширкати тоҷикӣ дар «Текстиллегпром»
Душанбе, 26 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бори нахуст 7 ширкати нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон- «Гулистон», «Ёқут-2000», « Нафиса», «Текстил Сити», «Дилором», «Зиннат» ва «Лидер» маҳсулоти худро дар 37-умин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Русия , ки таҳти унвони «Текстиллегпром» фардо 27 сентябр оғоз меёбад, ба маърази тамошо мегузоранд. Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин намоишгоҳ дар доираи Барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) амалӣ мешавад, ҷараён мегирад. Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи мазкур дар як сол ду маротиба доир гардида, дар он беш аз 2500 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, 3000 ширкати тиҷоратӣ ва саноатии 27 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Интизор меравад, ки аз намоишгоҳ 34 ҳазор коршиносону мутахассисони бахши нассоҷию дӯзандагӣ боздид менамоянд. 37-умин намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» то 30 сентябри соли 2011 идома меёбад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






