Конфронси экологҳо дар Остона

Сентябрь 28, 2011 10:31

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Дар конфронси байналмилалии вазирони муҳити зист, ки аз 21 то 23 сентябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таҳти унвони «Муҳити зист барои Аврупо» баргузор гардид, масоили перомуни вазъи экологӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Аз ҷониби Тоҷикистон дар конфронс раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов иштирок намуд. Дар шаҳри Остона доир шудани Конфронси вазирони муҳити зист бояд марҳилаи татбиқу эътирофи ташаббуси Остона ба ҳайси заминаи муколама ва омили ҳамгироии Осиё ва Аврупо аз рӯи масъалаҳои экология гардад.Ҳангоми тарҳрезии санадҳои нави стратегӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҷиҳати кабудизор намудани доманаҳои кӯҳсор ва деҳоти кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва баҳор тадбирҳои давлатию ҷамъиятӣ рӯи кор оварда мешаванд.

Сентябрь 28, 2011 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад