Кормандони ҳифзи ҳуқуқ забони англисиро меомӯзанд

Сентябрь 15, 2011 10:54

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни ҳамкорӣ бо Зе Эмерженс Групп курси омӯзиши забони англисиро барои муаллимони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва фарзандони онҳо доир намуд.Тавре дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барномаи ин курси семоҳа иборат аз омӯхтани сарфу навҳ, хондану навиштан, нутқи шифоҳӣ, талаффуз ва захираи луғавӣ буд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дастгирӣ намояд ва умедвор аст, ки ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои минбаъдаи муштарак густариш хоҳад ёфт. Аз соли 2003 кӯмаки Шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА ба муассисаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии амнияту волоияти қонун беш аз 52 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод.

Сентябрь 15, 2011 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад