Таъминот бо лампаҳои каммасраф

Сентябрь 26, 2011 15:00

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Солҳои охир бо супориш ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва хадамоти энергетикӣ дар маҳалҳо барои истифодаи васеи лампаҳои каммасраф корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Тайи ду соли охир дар ҷумҳурӣ 1 млн. 42 ҳазор оила бо 8 млн. 154 ҳазор лампаи каммасраф, аз ҷумла 240 ҳазор оилаи камбизоат бо 1 млн. 924 ҳазор чунин лампа таъмин гаштанд. Ғайр аз ин, 33 ҳазор корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ 759 ҳазор лампаи тафсонро ба лампаҳои каммасраф иваз намуданд. Танҳо дар 8 моҳи соли равон 49,3 ҳазор оилаи камбизоат бо кӯмаки соҳибкорони ватанӣ бо 201,3 ҳазор лампаи каммасраф таъмин гаштанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 19,5 ҳазор оила бо 59,5 ҳазор лампа, дар вилояти Хатлон – 27 ҳазор оила бо 132,7 ҳазор лампа, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 627 оила бо 2 ҳазор лампа, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2,2 ҳазор оила бо 7 ҳазор лампаи каммасраф таъмин гардиданд, ки ин кор дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт.

Сентябрь 26, 2011 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд