Варзиш гарави саломатист
Кӯлоб, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Дар мактаби варзишии ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ беш аз 70 нафар наврасону ҷавонон бо гӯштини миллӣ фаро гирифта шудаанд. Дастпарварони ин мактаби варзишӣ дар якчанд мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори мақоми ифтихорӣ гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки соли равон бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақа ба истиқболи ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи 14 намуд мусобиқоти вилоятӣ ва ба хотири ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Сайидмӯъмин Раҳимов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар онҳо кулли варзишгарон фаъолона ширкат намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






