Ахбори кӯтоҳи варзишӣ дар пешниҳоди Аловиддин Бӯриев
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Футбол: Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони ҷумҳурӣ дар бозиҳои интихобии ҷоми Осиё бо дастаи Бутан қувва месанҷанд. Дар ин гурӯхҳБаҳрайн бо Кувайт ва Қатар бо Урдун ба дидори ҳам мераванд. Алҳол баъди як давр Бахрайн , Қатар ва Кувайт се имтиёзӣ доранд. Футбол: Дирӯз бозиҳои ҷавобии ҷоми қаҳрамонҳои Осиё баргузор шуданд. «Ал-Садд» — и Қатар бо «Сувон Самсунг Блувинз»дар майдони худ во хӯрда бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд ва дар ҷамъбасти ду бозӣ ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат гирифт.Дар вохӯрии дуввуми рӯз «Ҷеонбук Ҳундай Моторс» «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. 5 ноябр дастаҳо бо ҳам дар варзишгоҳи «Jeonju World Cup Stadium» қувва меозмоянд. Футбол: Вохӯрии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Русия ва мунтахаби Юнонро рӯзи 11- ноябр шабакаи якуми телевизиони Руссия мустақиман пахш хоҳад кард.Футбол: Президенти дастаи «Коринтианс» Андрес Санчес арз кардааст, ки клуб рӯзҳои наздик ҳамлагари дастаи «Манчестер Сити» Карлос Тевесро харидорӣ хоҳад кард. Барои ин бозингари 27-солаи аргентинагӣ «Манчестер Сити» нисбат ба мавсими тобистон арзиши пасттар дархост кардааст. Футбол: Дар бозиҳои якҳаштфиналии чоми Англия дастаи «Арсенал» «Болтон» -ро 2 бар 1 мағлуб кард. Дар ин вохӯрӣ Андрей Аршавин дар дақиқаи 53 ҳисобро баробар кард ва Пак Чху Ен дар дақиқаи 57-ум тӯби ғолибиятро ба ҳадаф зад. Натиҷаи бозиҳои дигар чунин аст: «Алдершот Таун» — «Манчестер Юнайтед» — 0:3, «Кристалл Пэлас» – «Саутгемптон» — 2:0 ва «Кардифф» — «Бернли» — 1:0. Футбол: Ҳамлагари тими «Манчестер Сити» Карлос Тевес, ки дар вохӯрии лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бо дастаи «Бавария»- и Олмон барои ба майдон даромадан саркашӣ карда буд, аз маоши чорҳафтаинааш маҳрум гардид. Он маблағи 1 миллион фунт стерлингро ташкил медиҳад. Ба гуфти футболбоз ӯро сармураббии даста Роберто Манчини хуб нафаҳмидааст, вале тафтиш нишон дод, ки Тевес гунаҳкор аст. Формула-1: Рӯзҳои истироҳат дар роҳи Буддҳи шаҳри Ноид бори аввал дар таърих мусобиқаи «Формула-1» барои ҷоизаи Гран-прии Ҳиндустон гузаронида мешавад. Ба хотири ҷалби ҳарчи бештари мухлисон ташкилкунандагони мусобиқа нархи чиптаро хеле арзон кардаанд. Варзишгоҳ дорои 120 000 ҷойи нишаст аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






