Боздиди Қ. Расулзода аз муассисаҳои тандурустии вилоят

Октябрь 26, 2011 13:53

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 25 октябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо  шароити кории табибон, ҷараёни корҳои ободонӣ аз муассисаҳои соҳаи тандурустӣ — таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрии маркази вилоят боздид намуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли равон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи сармоягузории хориҷӣ баҳри таъмини таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат 10 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардид. Алҳол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои ободонӣ, таъмиру тармими биноҳои ин муассисаҳои тиббӣ амалӣ мегарданд.Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар таваллудхонаи вилоятӣ шинос гардида, бо масъулини соҳаи тандурустӣ ва сохтмон сӯҳбат намуд. Дар ин муассисаи тиббӣ 28 нафар бинокорони ҶДММ «Муҳандис» фаъолият менамоянд. Қоҳир Расулзода дастур дод, ки теъдоди онҳо зиёд гардад ва ба ободонии атрофи беморхона ва таъминот бо оби полезӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.Зикр бояд намуд, ки табобатхонаи вилоятӣ соли 1961 бунёд гардида, дар он метавонанд дар як вақт беш аз 200 нафар бистарӣ гарданд. Соли равон бо қарори Раиси вилоят баҳри корҳои таъмиру тармими беморхона 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.Раиси вилоят ҳамчунин аз вазъи корҳои таъмиру тармими биноҳои таваллудхонаи шаҳрӣ дидан намуда, бо табибон сӯҳбати самимӣ намуд. Дар ин таваллудхона 238 нафар корманди тиббӣ фаъолияти пурсамар доранд ва 140 кат барои беморон мавҷуд мебошад.Дар ин таваллудхона низ 37 номгӯй таҷҳизоти муосири ташхису табобат насб  хоҳад шуд. Аз ҷумла, таваллудхона дорои томографи компютерии магнитӣ мебошад, ки он ба солимии модару кӯдак, беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.

Октябрь 26, 2011 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд