Бузургдошти забони давлатӣ дар Саридораи геология

Октябрь 7, 2011 09:38

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз идораи мазкур хабар доданд, дар чрабинии мазкур сардори Саридора Азим Иброҳим перомуни таҷлили рӯзи забони давлатӣ сухан ронда иброз намуд, ки ҳар як фарзанди миллати тоҷик бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо бояд забони давлатиро хуб донанд ва он гоҳ мо метавонем насли навро дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, тарбия намоем.«Хушбахтона, ин талабот дар байни кормандони Саридора ва корхонаҳои тобеи он мавриди амал қарор дорад»,- илова намуд Азим Иброҳим.

Октябрь 7, 2011 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад