Дастовардҳои Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзиии ҶТ се навъи гандуми мулоимдонаи навъи «Лалмикор -1», «Лалмикор — 2» ва «Фарҳод — 60»- ро офаридаанд, ки ба иқлими хушк нисбатан тобоваранд,- гуфт президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ академик Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, татқиқот муайян намуд, ки истифодаи маводи биологии «ризотрофин» дар заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳосилнокии зироати лӯбиёгиро дучанд мекунад. Соли ҷорӣ дар филиалу пойгоҳ ва хоҷагиҳои зертобеи Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ 632,5 тонна тухмии хушсифати зироати кишоварзӣ истеҳсол гардид. Аз миқдори тухмии истеҳсолшуда 6 тонна навъи олитарин, 16,5 тонна олӣ, 316 тонна ба истилоҳ репродуксияи якум ва 260 тоннаро репродуксияи дуюм ташкил медиҳад. Аз тухмиҳои истеҳсолшуда 595 тонна гандум, 8 тонна ҷав, 23 тонна сулӣ, 0,6 тонна ҷавдор, 1,1 тонна нахӯд, 4 тонна маъсар ва 0,8 тоннаашро тухмии зағир ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






