Гурӯҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дин аз Макка ва Мадина дидан намуд

Октябрь 27, 2011 14:44

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Тавре иттилоъ доред, имсол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади адои Ҳаҷ беш аз 5000 нафар шаҳрванд ба шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар карданд.То имрӯз қисми зиёди ҳоҷиён дар ин шаҳрҳо қарзи мусулмонии хешро ба ҷо оварда истодаанд. Бо мақсади шиносоӣ бо шароити зист ва зиёрати ҳоҷиён бо супориши роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба шаҳрҳои Макка ва Мадина рафта, бо онҳо аз наздик сӯҳбат намуд. Абдураҳим Холиқов нахуст дар шаҳри Макка  бо шароити хобгоҳҳо, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, нақлиёти мусофиркашон ва таъминоти ҳоҷиён бо хӯрок шинос шуд. Баъди шиносоӣ дар шаҳри Макка раиси Кумита бо гурӯҳи корӣ, аз ҷумла роҳбаладоне, ки дар хизмати ҳоҷиён қарор доранд, мулоқот кард. Зимни сӯҳбат намояндагони ситод оид ба ташкили ҳаҷ ва роҳбаладон ба раиси Кумита оид ба шароити зиёрати ҳоҷиён ва коргузории хеш ҳисобот доданд. Дар мулоқот роҳбарияти ширкате, ки имсол хизматрасонии ҳоҷиёнро ба ӯҳда дорад, иштирок кард. Аз рӯи нақли  роҳбаладон баъзе эродҳо, дархостҳо ва таклифҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонӣ ба самъи роҳбарияти ширкати Арабистони Саудӣ расонида шуд. Айни ҳол бо сабаби ба Макка дохил шудани теъдоди зиёди ҳоҷиён ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаи назди Масҷиди Ҳарам издиҳом ба вуҷуд омадааст. Ин ҳолат барои  ҳаракати нақлиёти хизматрасонӣ мушкилӣ пеш овардааст. Дар баробари 22 адад автобус, ки то имрӯз дар хизмати ҳоҷиёни Тоҷикистон қарор дорад, аз ҷониби ширкат боз 8   автобус илова карда шуд. Намояндагони ширкат барои ислоҳи эродҳо ва таклифу дархостҳои ҷониби Тоҷикистон барои минбаъд тасмим гирифтанд. Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов дар маҷмӯъ аз кори роҳбаладон ва ситоди корӣ барои ташкили маросими ҳаҷ дар сатҳи зарурӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии роҳбаладон, табибон ва ҳоҷиён аз ҷониби Кумита озмуни «Роҳбалади беҳтарин», «Меҳмонхонаи беҳтарин», «Табиби беҳтарин» ва «Хонаи беҳтарин» эълон карда шудааст ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин корҳо аз ҷониби Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ назорат  мешаванд ва дар интиҳо ба кишварҳо ва ҷумҳуриҳо барои ташкили дурусти маросими ҳаҷ, тартибу интизоми ҳоҷиён баҳо гузошта мешавад. Ёдовар мешавем, ки соли 2010 — ум дар байни 30 давлат, аз ҷумла Туркия ва давлатҳои Осиё шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории маросими ҳаҷ, тозагии хобгоҳҳо ва тартибу интизоми ҳоҷиён ҷойи аввалро ишғол карда, сазовори тӯҳфаҳои арзишманд гардида буд. Имрӯз як гурӯҳ роҳбаладон бо мақсади шиносоӣ ба  минтақаҳои Мино, Муздалифа ва Арафот  сафар карданд.

Октябрь 27, 2011 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!