«Манчестер Юнайтед» шармсор шуд.
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Дар даври 9-уми чемпионати Англия мухлисони дастаи «Манчестер Юнайтед» маъюсу ноумед шуданд. Дилбохтаи онҳо дар майдони худ аз меҳмонаш «Манчестер Сити» бо ҳисоби калони 1 бар 6 шикаст хӯрд. Дар варзишгоҳи «Олд Траффорд» футболбозони «Манчестер» аз соли 1955 ин ҷониб ба чунин шикаст рӯ ба рӯ нашуда буданд. Сармураббии даста Алекс Вергюсон арз кардааст, ки дар давоми 24 соли кораш ва аз давраи дар майдон бозӣ карданаш чунин ҳисоби таҳқиромезро надидааст. «Манчестер Сити» фарқи холҳояшро бо «Манчестер Юнайтед» ба 5 адад расонида ва дар сатри аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар ин давр «Арсенал» бар «Стоук Сити» бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба кард. «Эвертон» ва « Тотенҳем» дар меҳмонӣ « Фулҳем» ва Блекберн» -ро бо натиҷаҳои 3 бар 1 ва 2 бар 1 мағлуб намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






