Мулоқоти Маликшо Неъматов бо Сергей Бубко
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Киеви кишвари Украина дар Кумитаи миллии олимпии Украина аз ҷониби Президенти Кумитаи мазкур Сергей Бубко ба ҳузур пазируфта шуд.Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Украина дар раванди ҳаракати олимпӣ ва рушди ҳамкориҳои варзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сергей Бубко омодагии ҷониби Украинаро иброз намуда, қайд кард, ки ҷонибҳо метавонанд бо якдигар табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа, доварон, мураббиён, машқҳо ва мусобиқоти муштарак доир намоянд. Дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар давраҳои наздиктарин миёни Кумитаҳои милли олимпии Тоҷикистону Украина созишнома ба имзо расонанд. Ҳамзамон Маликшо Неъматов аз иншооти варзишии кишвари Украина дидан намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






