Расму оинҳо танзим мешаванд
Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар толори Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ вохӯрии намояндагони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи кор оид ба дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ рафти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи суханони намояндаи Кумитаи оиб ба дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Рашидов тӯли чаҳор соле, ки қонуни мазкур мавриди амал қарор дода шудааст, ба буҷаи оилавии шаҳрвандон аз ҳисоби сарфакорӣ 14 миллион сомонӣ фоида расидааст. Зикр гардид, ки дар баробари ин ҳанӯз дар саросари ҷумҳурӣ дар ин самт қонуншиканиҳои зиёде ба назар мерасанд, ки қисмати бешашон аз ҷониби ашхоси мансабдор содир мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






