Захираи дусолаи озуқа доранд
Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ба камзаминии навоҳии ВМКБ нигоҳ накарда, сокинони мавзеъҳои алоҳидаи Бадахшон на танҳо худро бо ғаллаи яксолаи худӣ таъмин мекунанд, балки онро барои солҳои оянда низ захира менамоянд. Яке аз чунин маҳаллот деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим мебошад. Дар ин ҷо замини ҳамвору ҳосилхез зиёд аст. Ба гуфти сокинони деҳаи Рин Хушқадам Қадамов, ҳамаи сокинони деҳа соҳиби қитъаи замин буда ва ҳар яке барои оилааш ба таври кофӣ озуқа захира менамояд. Дар ноҳияи Ишкошим на танҳо сокинони деҳаи Рин, балки қариб ҳамаи сокинони деҳаҳои дигар ҳам захираи яксолавву дусолаи озуқа доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






