Фаъолияти мӯътадили шабакаҳои барқии Кӯлоб
Кӯлоб, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Кормандони шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони соли 2011-2012 омодагии ҳамаҷониба дида, то имрӯз як қатор корҳоро ба сомон расониданд.Дар баробари таъмиру барқарорсозӣ кормандони шабакаҳои барқи минтақа дар анборҳои хеш 4 адад трансформатори 10 ба 04 киловатта, 25 адад пояҳои оҳану бетонӣ, миқдори зиёди изаляторхо,20 километр ноқилҳои баландшиддат ва пастшиддати барқӣ ва 1,5 тонна равғани трансформаторӣ захира намудаанд.Баъди фаъол гардонидани зеристгоҳи барқии 220-110-ии Хатлон сифати интиқоли нерӯи барқ дар минтақаи Кӯлоб беҳтар гардида, фоизи талафот кам шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






