Густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ноябрь 16, 2011 16:18

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 15 ноябри соли 2011 дар ҳошияи Форуми 5-ум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Куриё ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нурлан Айтмурзаев баргузор гардид.Дар рафти мулоқот Н. Айтмурзаев ба ҳамтои тоҷики худ аз натиҷаҳои интихоботи президенти кишвараш барпогашта ва вазъи кунунии иҷтимоию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ дод.Ҳамчунин ҷонибҳо дурнамои рушду тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро матраҳ карданд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 16, 2011 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад