Машварати наркологҳои кишварҳои аъзои СААД

Ноябрь 24, 2011 16:16

Маскав, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 25 ноябр дар Котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ машварати аввали наркологҳои вазоратҳои тандурустии давлатҳои аъзои СААД баргузор мешавад. Дар ин ҷамъомад вазъи давлатҳои аъзои СААД дар робита бо истеъмоли маводи нашъаовар, тамоюлҳои тақвияти вазъи нашъамандӣ, тадбирҳои эҳтиётӣ ҷиҳати муолиҷа ва эҳёӣ беморони мубталои нашъамандӣ, танзими ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати назорати маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар мулоқот роҳбарияти намояндагии раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят дар Русия, ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Хадамоти федералии Федератсияи Русия оид ба назорати гардиши маводи нашъаовар иштирок менамоянд.Баъди анҷоми машварат иштирокдорони он аз Маркази илмию амалии наркологияи шаҳри Маскав дидан мекунанд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия котиби матбуотии СААД Владимир Зайниддинов хабар дод.

Ноябрь 24, 2011 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад