Атраксионҳои итолиёвӣ бе пардохти боҷи гумрукӣ ворид карда мешаванд

Декабрь 21, 2011 16:34

Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои аз Италия овардани 34 адад атраксион барои Боғи фарҳангу фароғатии шаҳр, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардонида мешавад. Зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 21 декабр Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ афзуд, ки арзиши атраксионҳое, ки аз Италия ворид мегарданд, 6, 7 миллион евро ё худ 43 миллион сомонӣ буда, маблағи боҷи гумрукӣ ва андози арзиши иловашудаи он 10, 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар назди вакилон муовини раиси шаҳри Душанбе Сайвалӣ Сафаров, ки масъули бахши иқтисоди шаҳрдорист, афзуд: тибқи нақша ворид намудан ва насби атраксионҳо дар Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ бояд то охири соли равон сурат мегирифт. Алҳол қисме аз ин таҷҳизот ба Тоҷикистон оварда шудааст ва насби тамоми атраксионҳо то нимаи дуюми соли 2012 ба анҷом расонида мешавад. 16.00.

Декабрь 21, 2011 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд