Баррасии байналмилалии самаранокии кӯмаки беруна

Декабрь 5, 2011 14:54

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Аз 29 ноябр то 1 декабри соли равон дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд оид ба самаранокии кӯмаки беруна баргузор гардид. Дар кори Анҷуман ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов иштирок намуда, оид ба дастовардҳои мамлакат вобаста ба ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва иҷрои талаботи Декларатсияи Париж, инчунин таҷриба ва малакаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба он маълумот пешниҳод кард.Бояд қайд кард, ки дар анҷумани мазкур зиёда аз 2500 иштирокчӣ аз 150 давлати дунё, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ Ли Мен Бак, Котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон, Котиби кулли Созмони Милали Мутаҳид Пан Ги Мун, инчунин вазирону роҳбарони мақомоту ташкилотҳои давлативу ҳукуматӣ ва намояндагони парлумони давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи омодагӣ ба Анҷумани мазкур, Тоҷикистон мониторинги нишондиҳандаҳои Декларатсияи Парижро анҷом дода, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар Париж ҳисоботи кишварии дахлдорро таҳия намуд. Ҳамзамон, саҳифаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сайти расмии Анҷумани байналмилалии оид ба самаранокии кӯмаки беруна дар шаҳри Бусан, ки дар худ маълумоти зарурӣ оид ба ҷараёни истифодаи кӯмаки беруна дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии истифодаи самараноки он дар мамлакатро таҷассум мекунад, фаъъол гардонида шудааст.

Декабрь 5, 2011 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад