Боздиди вазир аз ДДЗТ
Душанбе, 8 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон /ДДЗТ/ ба номи С. Улуғзода боздид намуда, бо раёсат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён доир ба вазъи таълим ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ сӯҳбат анҷом дод. Маълум гардид, ки дар гурӯҳҳо давомот хуб ба роҳ монда шуда, либоси донишҷӯён ба талаботи дастурамал ҷавобгӯст ва донишҷӯён аз одоби хуб бархӯрдор мебошанд. Мутаассифона, сифати таълим ҳоло ҳам беҳбуд мехоҳад, зеро ба саволҳои додашуда шумораи ками донишҷӯён ҷавоби мукаммал дода тавонистанду халос. Назар ба иттилои Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар вохӯрӣ вазири маориф сухан карда гуфт, ки талаботи давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ сохтани раванди таълим ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, бо мақсади гирифтани пеши роҳи ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, одоб, тарғиби ҳисси худшиносиии миллӣ дар байни ҷавонон қатъӣ мебошад. Аз ин рӯ, доир ба ин масъалаҳо ҷиддӣ андеша карда ва назорати иҷрои онҳоро таъмин намудан лозим аст.Ҳамзамон вазир доир ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи маориф ва таҳсилот нигаронида шудаанд, ибрози назар намуда, ҳадаф ва моҳияти онҳоро эзоҳ дод. Ректори донишкада дастур гирифт, ки ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ тақвият бахшида, ҷиҳати аз курси такмили ихтисос гузаштани ҳайати профессорону омӯзгорон тадбирҳои амалӣ андешад. Барои мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассиса вобаста ба гузариш ба низоми кредитии таълим чораҷӯӣ намуда, дар доираи имконот гузариши ихтисосҳои муассисаи таълимиро ба низоми кредитии таълим давра ба давра дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин намояд. Дар вохӯрӣ донишҷӯён ба вазир доир ба забони таълифи китобҳои дарсӣ, мушкилоти нақлиёт, фаъолияти китобхонаҳо, дар сари роҳи донишкада мавҷуд будани партовгоҳҳо ва дигар масоил саволҳо дода посухҳо гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






