Дар роҳҳо яхбандӣ ба амал меояд

Декабрь 20, 2011 16:11

Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То 23 декабр ҳаво дар ҷумҳурӣ сарду бебориш боқӣ монда, танҳо дар минтақаҳои кӯҳии кишвар каму беш боридани барф мушоҳида мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази обуҳавошиносии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар натиҷаи бархӯрди ҳавои сард аз қисмати шимол ва мавҷи ҳавои гарм аз самти ҷануби ҷумҳурӣ муддати як шабонарӯз дар минтақаҳои ҷанубии кишвар- шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе барфи хушк борид, ки баландиаш дар пойтахти ҷумҳурӣ ба 27 сантиметр расид. Дар натиҷа ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ хеле паст фаромад. Масъули идораи ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки бинобар боридани барфи хушк ва вазидани шамоли сард то 23 декабр дар роҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ ба амал омада, ҳарорати ҳаво дар Душанбе шабона то 10-12 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа сард мегардад. Дар вилояти Хатлон бошад ҳаво шабона 6-11, рӯзона 0-5 дараҷа ва дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 8-13, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Сардии ҳаво дар вилояти Суғд шабона 10-15, рӯзона 1-6 ва дар минтақаҳои кӯҳии вилояти мазкур шабона 12-17, рӯзона 3-8 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 6-11, рӯзона 1-6 ва дар минтақаҳои баландкӯҳи вилоят шабона 22-27, рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад. Дар робита ба ин намояндаи маркази обуҳавошиносии кишвар меафзояд, ки бинобар сард гардидани ҳаво тайи чанд шабонарӯзи оянда ва ба амал омадани яхбандӣ дар роҳҳои кишвар масъулини идораҳои марбутаи роҳтозакунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёту мусофирон роҳҳоро тоза кунанд ва зимни ин аз маводи зидди лағшиш истифода баранд.

Декабрь 20, 2011 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд