«Тоҷиктелеком» дар хизмати мардум
Кӯлоб, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов). – Филиали «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Кӯлоб ба 9266 нафар шаҳрванд, аз ҷумла ба 356 нафар дар деҳоти ҳудуди шаҳр хизмат мерасонад. Дар филиал 83 нафар коргар фаъолият мекунад ва маоши миёнаи онҳо 334 сомониро ташкил медиҳад.Кормандони коргоҳ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи кориро ба маблағи 585 ҳазору 500 сомонӣ иҷро намуданд, ки ин ба 103 фоиз баробар аст.Қарзҳои дебитории филиал 106, 400 сомониро ташкил медиҳанд, ки онҳо аслан аз ҳисоби корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ мебошанд. Кормандони филиал ният доранд, ки то Наврӯзи соли 2012 шумораи мизоҷонро ба 1 млн. нафар расонанд ва аз ин ҳисоб барои камбизоатон ба тариқи ройгон нуқтаҳои телефонӣ кушоянд. Моҳи аввали пардохти хизмат ройгон буда, минбаъд он дар ҳаҷми 0,02 дирам пардохт карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






