1 миллиарду 1 миллион сомонӣ барои корҳои барқарорсозии НБО «Роғун»
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Соли 2011 маблағҳои барои сохтмони НБО «Роғун» ҷамъоваришуда ба андозаи 25 миллион сомонӣ фоида оварданд», — гуфт дар нишасти матбуоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов. Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки маблағҳои ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронидашуда дар бонкҳои тиҷоратӣ гирд оварда шуданд.Мувофиқи суханони вазири молияи кишвар, соли 2012 дар лоиҳаи НБО «Роғун» барои корҳои барқарорсозӣ ҷудо кардани 1 миллиарду 1 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.Қобили зикр аст, кки аз моҳи августи соли 2010 маблағҳои озоди НБО «Роғун» дар панҷ бонки кишвар – «Амонатбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ҷойгир карда шудаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 230 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳҳоми асосии ҶСК «НБО «Роғун» давлат мебошад, ки 75 фоизи саҳмияҳоро иборат аз 4 миллиарду 500 миллион сомониро дар ихтиёри худ дорад. Хотирнишон месозем, ки фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» тавассути Бонки давлатии амонатгузорӣ ва 7 бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ 6 январи соли 2010 оғоз ёфта буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






