Омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси миллӣ
Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-25 феврали соли 2012 дар ҷумҳурӣ интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда баргузор мегардад. Дар ҷаласае, ки 6 январ таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ баргузор гардид, масъалаи марбут ба баргузории интихоботи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуд. Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тибқи моддаҳои 13 ва 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карданд. Мутобиқи он комиссияиҳои ҳавзавии интихоботии вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда ташкил карда мешаванд. Ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 2 /Суғд/ ва 3 /Хатлон/- марказашон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, ҳавзаи интихоботии №5 /шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ/- марказаш шаҳри Душанбе- (Кохи Ваҳдат) муайян шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






