«Тоҷик-эйр» қарзашро дар назди «Тоҷиксуғурта» кай пардохт мекунад?.

Январь 13, 2012 16:47

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба маблағи 15 миллиону 132 ҳазор сомонӣ дар назди КВД «Тоҷиксуғурта» қарздор буда ва то имрӯз маблағҳои суғуртавиро пардохт накардааст», гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки корхона ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо дар даст дошта, аз пардохт нашудани маблағҳои суғуртавӣ ба вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шикоят намуд, вале мутаассифона, ин масъала то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст. «Тоҷик Эйр» вазъи мушкили молиявии имрӯзаи Ширкатро баҳона карда, маблағро пардох намекунад», — иброз дошт А. Сатторов. Бояд гуфт, ки ширкати дигари ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ маблағҳои суғуртавиро пардохт накардааст ва ният дорад, ки онро дар ояндаи наздик пардохт намояд. Имрӯз дар Тоҷикистон 17 ширкати суғуртавӣ фаъолият дорад. Мавқеи КВД «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ оид ба воридшавии маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ 51,3 фоиз ва ҳақгузорӣ ба зарардидагон дар соли сипаригардида 77,5 фоизро ташкил мекунад. «Дар соли 2011 ширкати мо ба буҷаи ҷумҳурӣ 5 миллиону 699 ҳазору 300 сомонӣ ворид намуд, ки аз он 2,5 миллион сомониаш пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ мебошанд», — иброз дошт Аловиддин Сатторов.

Январь 13, 2012 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад