Барои фаъолияти мӯътадили кори дил

Февраль 7, 2012 09:44

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои масъулини сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба маркази эндокринологии ҷумҳуриявӣ хайрияи нави тиббӣ расонида шуд. Дар маросими танзими кӯмаки башардӯстона корманди сафорати Амрико дар Тоҷикистон хонум Сера Пенҳоюн ширкат варзид. Кӯмак ба арзиши зиёда аз 2 млн. доллар аз ҷониби ширкати амрикоии Ели Лили ва Департаменти ИМА ва лоиҳаи ҲОУП барои гирифторони бемориҳои дил расид. Он беш аз 26 ҳазору 800 вояи инсулинро ташкил дода, ба тарзи ройгон ба шӯъбаи эндокринологии беморхонаи Қарияи Боло дода шуд.Тибқи лоиҳаи ҲОУП ин лавозимоти тиббӣ ба дигар марказҳои эндокринологии ҷумҳурӣ низ таҳвил дода мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 302 млн. доллар таъмин намудааст. Аз соли 1992 то имрӯз мардуми Амрико тавассути лоиҳаю барномаҳо ва ёрии башардӯстона ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар ба маблағи 984 доллар кӯмак расонидааст.

Февраль 7, 2012 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад