Машварати роҳбарони идораҳои сарҳадӣ

Февраль 29, 2012 11:28

Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Луктфия Эшонқулова ). – 28 феврал дар шаҳри Душанбе машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, дар ин чорабинӣ намояндагони идораҳои сарҳадии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ИДМ, СААД, Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.Иштирокдорони машварат масъалаи ҷараёни кор бобати ҳамоҳангсозии Лоиҳаи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати мустаҳкам намудани амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ» — ро мавриди муҳокима қарор доданд.Аз рӯи натиҷаи машварат як қатор ҳуҷҷатҳо бобати такмили минбаъдаи ҳамкории идораҳои сарҳадӣ дар бахши мубодилаи иттилоот перомуни вайронкунандагони сарҳади давлатӣ имзо гардиданд.

Февраль 29, 2012 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд