Семинари Бонки Ҷаҳонӣ доир ба барқ

Февраль 15, 2012 16:44

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Нимаи дуюми имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ доир ба лоиҳаи «Арзёбии вариантҳои таъминоти барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар семинар намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, мутахассиси калони захираҳои обу энергетика ва мушовири ширкати «Фихтер» ҷаноби Дэрил Филдз доир ба моҳияти семинар ибрози назар намуд. Дар семинар масъалаҳои вобаста ба самтҳои арзёбии усулҳои таъминоти барқ, дастуру тарзҳои омӯзиши маҷмӯи масъалаҳо, мавод, маълумотҳои дастрасшаванда ва стратегии экологӣ матраҳ гардид. Дар кори он мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Мӯҳлати лоиҳаи мазкур 9 моҳ муайян карда шуда, баъд аз мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳо ва лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетика дар марҳилаҳои миёнамуддат ва дарозмуддат то солҳои 2030 муайян карда мешавад. Семинар кори худро пагоҳ идома хоҳад дод.

Февраль 15, 2012 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад