Тақсими хонаҷой идома дорад
Хоруғ, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар ноҳияи Шуғнон ба манзури дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ноҳияи Шуғнон 35 гектар замини киштнобоб бояд ба 648 оилаи эҳтиёҷанд тақсим карда шавад. То имрӯз аллакай 331 оилаи эҳтиёҷманд соҳиби замини хонаҷой гардидааст. Ба хотири ба таври шаффофу одилона ва беғаразона ба оилаҳои эҳтиёҷманд додани қитъаҳои замин, ки тибқи парвандаҳои заминсозӣ ва бо қарорҳои ҳукумат тасдиқ гардидаанд, дар ҳар ҷамоат комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






