«Тоҷикистон дар асри XXI: иқтисодиёти миллӣ ва фарҳанг аз Сомон то Раҳмон»
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии назди ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон асари олимони шинохтаи кишвар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахт Ғафуров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев ва профессор Нодир Одилов «Тоҷикистон дар асри XXI: иқтисодиёти миллӣ ва фарҳанг аз Сомон то Раҳмон» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Дар муҳокимаи асари мазкур, ки масоили мубрами таърихӣ ва муосири иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистонро дар бар мегирад, олимони шинохтаи донишкада иштирок намуданд. Ҷаласа қарор кард, ки асари номбурда ба чоп тавсия шавад. Дар ин бора сардори дафтари ректори донишкада Амирҷон Вазиров хабар дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






