Кӯмакгари Камол Алиспахич интихоб шуд
Душанбе, 2 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби мамлакатро дар мусобиқаи ниҳоии Ҷоми даъвати AФК-2012, ки дар дар Непал (8-18 март) баргузор хоҳад шуд, баробар бо сармураббии даста Камол Алиспахич, Алмир Сеферович омода мекунад. Ӯ минбаъд барои тарбияи ҷисмонии футболбозон ҷавоб хоҳад гуфт. Алмир Сеферович ҳамроҳ бо Алиспахич дар дастаҳои футболи «Сараево» (Босния), «Железничар» (Босния), «Ал-Иттиҳод» (Сурия) кор кардаанд. Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат мекунад. Ғолиби ин бозиҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






