Созмони толибилмон 12 — сола шуд
Хоруғ, 5 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Хонандагони макотиби шаҳри Хоруғ ба истиқболи 12 – умин солгарди таъсисёбии Созмони хонандагон дар макотиби шаҳри Хоруғ маҳфилҳои гуногун оростанд. Яке аз чунин маҳфилҳои ҷолибу пурмазмун дар мактаби рақами 11 – ум доир гардид.Ба созмони хонандагон, ки номи Исмоили Сомониро ба худ гирифтааст, онҳое шомил мешаванд, ки ҳам аъло мехонанду ҳам дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок мекунанд. Аъзои созмон дар мактаби рақами 11 – уми шаҳр бахшида ба ин рӯзи фирӯз маҳфиле барпо намуданд, ки ҳадаф аз он бештар пайдо кардани ошноӣ бо таърихи миллати худ, расму оин ва фарҳанги ғании он мебошад. Раиси созмони хонандагони мактаб Мавзуна Қувватбеова аъзои маҳфилро бо Рӯзи таъсисёбии созмон табрик карда, гуфт, ки мақсади дигари ин созмон ривоҷу густариш бахшидани дӯстию рафоқат миёни кӯдакону наврасон аст. Ба гуфтаи намояндагони шӯъбаи маорифи шаҳр, чунин маҳфилҳо ба муносибати 12 — солагии Созмони хонандагон дар дигар мактабҳо низ баргузор гардиданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






