Тоҷикистон – Филиппин: ноумедиҳо бо Алиспахич
Душанбе, 14 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби футболи мамлакат ҳунарнамоиашро дар бозиҳои Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё баъди бохт аз дастаи мунтахаби Филиппин бо натиҷаи 1 бар 2 ба анҷом расонд. Ҳамин тариқ, мураббии тозаинтихоб Камол Алиспахич ҳам барои ба комёбӣ ноил кардани дастаи мо муваффақ нашуд. Ёдрас мешавем, ки танҳо ба Шариф Назаров муяссар шудааст, ки соли 2006 –ум тими мунтахаби моро ба гирифтани чунин Ҷом шарафёб гардонад. Бозиҳои навбатии расмӣ барои тими миллии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо то ду соли наздик ба охир расиданд. Дастаҳои Туркманистон, Филиппин, Куриёи Шимолӣ ва Фаластин муборизаро барои Ҷоми КФО идома медиҳанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






