Захираи тухмӣ нигаронкунанда аст
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ то 1-уми марти соли 2012 дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 44 ҳазор тонна тухмии ғалла захира шудааст, ки 39 ҳазору 554 тоннаи онро гандуми тухмӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин хоҷагиҳо 479 тонна шолии тухмӣ, 402 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ, 23 ҳазору 155 тона картошкаи тухмӣ, 59 тонна тухмии сабзавот ва 20 ҳазору 624 тонна чигити тухмӣ захира кардаанд.Ба гуфти мутахассисони соҳа, нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 26 фоиз тухмии сабзавот, 16 фоиз чигити тухмӣ, 15 фоиз тухмии ғалла ва лӯбиёӣ, 4 фоиз шолии тухмӣ, 39 фоиз ҷуворимаккаи тухмӣ ва 15 фоиз камтар картошкаи тухмӣ захира карда шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






