Ҷаласаи муштарак оғоз гардид

Апрель 20, 2012 09:51

Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба кори худ шурӯъ кард. Ҷаласаи муштарак нахуст бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ шурӯъ гардида, баъдан он дар «Кохи Сомон»-и бӯстонсарои ҳукумати ҷумҳурӣ кори худ ро идома медиҳад. Дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумони мамлакат Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар Паёми навбатии худро ирсол менамояд, ки он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ҷаласаи сеюми яқчояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ғайр аз аъзои палатаи болоӣ ва вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат, инчунин намояндагони ҳукумати кишвар, кормандони масъули вазорату идораҳои мамлакат ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 1200 нафар иштирок менамоянд. Хамзамон бобати инъкоси оҷилии ҷараёни баргузории ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат даъвати чорум дар «Кохи Сомон» маркази матбуот созмон дода шудааст. Ҳамзамон ҷараёни баргузории ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумони мамлакат, ки дар он Сарвари давлат бо Паёми навбатӣ баромад менамояд, тавасути шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш гардида, инчунин дар сомонаи интернетии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» мунташир мегардад.

Апрель 20, 2012 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад