Аз ҳисоби Сангвор Ваҳдат ташкил мешавад

Апрель 5, 2012 16:00

Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Тавилдара аз ҳисоби деҳоти Сангвор деҳоти нав бо номи Ваҳдат ташкил карда мешавад. Дар робита ба ин дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара қарори марбута қабул гардид. Ташкили деҳоти нав дар Тавилдара ба осон намудани мушкилоти аҳолии қисмати шарқии деҳоти Сангвор рабт дорад, зеро деҳаҳое, ки дар ин маҳал ҷойгиранд, аз маркази деҳоти Сангвор ва маркази ноҳияи Тавилдара дар масофаи дур воқеъ буда, мавҷуд набудани нақлиёти ҷамъиятӣ рафтуои мардумро ба маркази деҳоти Сангвор ва ноҳияи Тавилдара, хусусан дар мавсими тирамоҳу зимистон мушкил мегардонад. Мисол, деҳаи Арзинг аз маркази Тавилдара дар масофаи 130 км, Роға- 120 км, Найгуфт- 106 км, Сикад- 105 ва Хубон дар масофаи 88 км дурӣ қарор доранд. з ҳисоби хурд намудани деҳоти Сангвор ба деҳоти навтаъсиси Ваҳдат деҳаҳои Ғовд, Алисурхон, Нусонӣ, Лангар, Лоҷург, Сарха, Хубон, Сикад, Роға, Арзинг, Сангвор ва Найгуфт бо 2 ҳазору 151 нафар аҳолӣ дохил карда мешавад. Деҳоти Ваҳдат дар масоҳати 2400 километри мураббаъ бо маркази маъмурӣ дар деҳаи Лоҷург таъсис дода мешавад. Бо таъсиси деҳоти нав масофаи байни маркази деҳот ва деҳаҳо кӯтоҳ гардида, масофаи роҳ аз маркази ноҳия то маркази деҳоти навтаъсис 15 км наздиктар мегардад.

Апрель 5, 2012 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад