Гуфтӯгуи Х.Зарифӣ бо Р.Блейк
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 13 апрели соли равон гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии ИМА доир ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷаноби Роберт Блейк баргузор гардид. Дар гуфтугӯи телефонӣ вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи Департаменти давлатии ИМА масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва рушди ояндаи онҳоро муҳокима намуд. Инчунин доир ба масъала ва мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Мавзӯи дигари сӯҳбат вазъият дар Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои субот дар ин кишвар буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






